• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти ҷавони 27-сола барои дуздӣ аз дорухона
Боздошти ҷавони 27-сола барои дуздӣ аз дорухона

Боздошти ҷавони 27-сола барои дуздӣ аз дорухона

  Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Назаров Умедҷон Қиёмуддинович, санаи таваллудаш 27.11.1996, истиқоматкунандаи н.Вахш, деҳаи Нуробод, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Қобили зикр аст, ки навори лаҳзаи ҷинояти дуздии номбурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нашр гардида, вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда буд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 26-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 05:26 дақиқа, ба дорухона воқеъ дар ноҳияи Сино, кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ ворид гардида, аз хоб будани фурӯшанда истифода намуда, аз он ҷо як адад планшети тамғаи «Айпад про»-ро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
  Номбурда бо содир намудани ин амали ҷиноятии худ ба ҷабрдида, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Душанбе ба маблағи 15-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.


  Баъди аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардидан, аз гумонбаршаванда Назаров Умедҷон планшети рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.
  Айни замон нисбати гумонбаршаванда Назаров Умедҷон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ ва ошкор намудани дигар ҳолатҳои дар ҷиноят даст доштани номбуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin