• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Боздошти ронандаи автомашинаи «Тайота» барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ
Боздошти ронандаи автомашинаи «Тайота» барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ

Боздошти ронандаи автомашинаи «Тайота» барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ

  Дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри душанбе ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Кемрӣ», рақамҳои қайди давлатиаш 9999QZ01, шаҳрванд Салимов Муҳаммад Собирҷонович, санаи таваллудаш 10.06.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Лермонтов дастгир карда шуд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда автомашинаи мазкурро муваққатан ба иҷора гирифта, санаи 25-уми майи соли ҷорӣ, тақрибан соати 11:30 дақиқа ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, нисбати ронандаи воситаи нақлиёти мусофирбар дағалона рафтор намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст. Ҳамзамон ба ҳаркати ӯ монеагӣ эҷод намуда, ҳолати хатарноку садамавиро ба вуҷуд оварда, худсарона рақамҳои автомашинаи «таксиро» кушода гирифтааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Салимов Муҳаммад барои ба вуҷуд овардани ҳолати хатарноку садамавӣ тибқи талаботи моддаи 326 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.
  Ҳамзамон бо мақсади андешидани чораи дахлдори қонунӣ вобаста ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва дар назди дигар шаҳрвандон паст задани шаъну шарафи ронандаи «таксӣ» нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ба Суд ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin