Ҳабси ду нафар ҷавонони дағалгуфтор

Ҳабси ду нафар ҷавонони дағалгуфтор

  Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва андешидани чораҳои таъсиррасонии қонунӣ ҳанӯз ҳастанд бархе аз ҷавононе, ки нисбати занон беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст мезананд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиши навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашргардида, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрвандон Олимов Рамазон Абдурозиқович, санаи таваллудаш 20.11.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак М16 ва Насриддинов Шоҳрух Рустамович, санаи таваллудаш 29.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Испечак-2 дастгир карда шуданд.


  Номбурдагон санаи 27-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 17:00, ҳангоми дар кӯчаи Испечак қарор доштан, нисбати ду нафар ҷавондухтарони роҳгузар муносибати дағалона намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст ва тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Навори мазкур дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии шаҳрвандонро ба миён оварда, аз мақомоти милитсия дархост намуданд, то нисбати ҷавонони дағалгуфтор чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Олимов Рамазон ва Насриддинов Шоҳрух тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин карда шуд.
  Зимни мурофиаи судӣ номбурдагон ҷиҳати минбаъд ба қонуншиканӣ даст назадан, сидқан изҳори пушаймонӣ намуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin