Таҷлили «Рӯзи пойтахт»: Ту қалби Тоҷикистонӣ – Душанбе

Таҷлили «Рӯзи пойтахт»: Ту қалби Тоҷикистонӣ – Душанбе

  Дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили «Рӯзи Пойтахт» маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ» таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ-Душанбе», бо иштироки шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт доир карда шуд.
  Зимни суханронии ифтитоҳӣ генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ, дар баробари ба муносибати таҷлили «Рӯзи пойтахт» табрик намудани кормандони милитсия, ҳамзамон оид ба талошу заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва пешрафту шукуфоии пойтахт андешаронӣ намуд. Ба таъкиди номбурда тули чанд соли охир зери роҳбарии хирадмандонаи шаҳрдори ҷавон – раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави пешрафту тараққиёт ворид гардида, дар тамоми самтҳо инфрасохтори зарурӣ таъмин ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе воқеъан ба шаҳри гулҳо табдил ёфтааст.


  Бо мақсади пойдор нигоҳ доштани ин ҳама дастовардҳо ва боз ҳам ба пешрафтҳои нав ба нав ноил гардидан, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, ҷиҳати мутараққӣ ва ободу зебо нигоҳ доштани шаҳри Душанбе саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ин ҳама дастовардҳо дар натиҷаи талошу заҳматҳо ба даст омада, ҳар яки моро мебояд барои ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани як мулки ободу зебо талош намоем.
  Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милисия Ҳабибов Сайфулло Абдуллоевич оид ба таърихи таъсисёбӣ ва рушду тараққиёти имрӯзаи пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.


  Номбурда таъкид дошт, ки Душанбе хонаи умеди ҳазорон нафар миллати тоҷик ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯз аз рӯз ободу зебо гардидааст. Сохта ба истифода додани бинову иншооти наву замонавӣ, таъмиру навсозии роҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе рушди пойтахтро таъмин намуда, барои сокинону меҳмонон шароити созгори зиндагонӣ муҳайё гаштааст.


  Дар қисмати дигари чорабинӣ, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, дар васфи ватандориву меҳанпарстӣ, пешрафту шукуфоӣ ва талошу заҳматҳои шабонарӯзии фарзандони барӯманди миллати тоҷик аз эҷодиёти пурғановати хеш порчаҳои шеърӣ қироат намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки мояи фараҳмандии ҳар як сокини пойтахт аст, ки шаҳри Душанбе бо идеяҳои тозаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ симояшро куллан дигар намуда, ба шаҳри афсонавӣ ва зебоманзари сайёра табдил ёфтааст. Ин ҳама гулу шукуфаҳои Душанбе бори дигар гувоҳи кишвари биҳиштосо будани Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.


  Ҳамзамон таъкид гардид, ки кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо ифтихору садоқат ба савганди хеш баҳри пойдор нигоҳ доштани ин ҳама дастовардҳо, таъмини волоияти қонун, суботу оромӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ пайваста талош менамоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin