
Муноқишаи хонандагон дар мактаб
Санаи 24-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи хонандагони Муаассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Душанбе инъикос ёфтааст.
Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҳодисаи мазкур санаи 24-уми апрел, тақрибан соати 12:40 дақиқа дар саҳни мктаб рух додааст. Хонандагони синфи 8 бо сабабҳои ночизе як нафар хонандаи синфи 7-и муассисаи мазкурро лату куб намудаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, кормандони милитсия бо хонандагон суҳбату мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, масъулони муассисаи мазкур барои беаҳамиятӣ огоҳонида шуданд. Ҳамзамон нисбати волидайни 3-нафар хонанда тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд.