Боздошти зани фолбин
Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, мутаассифона боз ҳастанд нафароне, ки дидаву дониста даст ба фолбиниву ҷодугарӣ мезананд.
Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани санҷиш, шаҳрванд Қосимова Ҳалима Азимқуловна соли таваллудаш 23.05.1962, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоевро барои машғул шудан ба сеҳргариву ҷодугарӣ дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда муддатест дар манзили истиқоматии худ шаҳрвандонро қабул намуда, дар баробари иҷрои амалҳои фолбиниву сеҳргарӣ, ҳамзамон дар муҳити ғайрисанитарӣ ба хунгирӣ (ҳиҷома) низ машғул будааст. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ як қатор ашё ва предметҳое, ки барои сеҳргариву фолбинӣ истифода мешаванд, дарёфту мусодира карда шуданд.
Таассуфовараш он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ҳанӯз ҳам ба амалҳои мардумфиребонаи чунин афрод бовар намуда, бо мақсади амалӣ сохтани ҳар гуна нақшаҳои худ ба фолбину ҷодугарон муроҷиат намуда, боиси гарм нигоҳ доштани бозори қоҳинон ва аз байн нарафтани ин амали номатлуб гардидаанд. Аз ҷумла, ҳангоми санҷиш муайян карда шуд, ки 3-нафар шаҳрвандони кутоҳандеш барои иҷрои амалҳои фолбинӣ ба назди шаҳрванд Қосимова Ҳалима омадаанд. Номбурда дар асл ягон хел маълумоти тиббию динӣ надорад.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Қосимова Ҳалима тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.