• Home »
  • ХАБАР »
  • Шанбегии дастаҷамъии кормандони милитсияи пойтахт
Шанбегии дастаҷамъии кормандони милитсияи пойтахт

Шанбегии дастаҷамъии кормандони милитсияи пойтахт

  Созандагиву ободкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе куллан симои худро дигар намуда, бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан, ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст.


  Ҳамасола дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар мавсимҳои гуногун гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, имрӯзҳо воқеан шаҳри Душанбе дар тамоми фаслхо ба «Шаҳри сабз» ва «Шаҳри гулҳо» табдил ёфтааст.
  Дар доираи ин иқдом аз ҷониби роҳбарият ва ҳайати шахсии милитсияи пойтахт низ дарахтони ҳамешасабзи атрофи бинои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нарм кара шуда, зиёда аз 2-ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд.
  Воқеан шинонидани дарахт ва сабзу хуррам гардонидани атроф аз сунатҳои миллии ниёгони миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, амали басо хайру савоб ба шумор меравад.


  Бешубҳа ин амали нек ба беҳтар гардидани вазъи экологӣ, санитариву гигиенӣ, муҳити зист, ташаккули боду ҳавои тоза ва солимгардонии аҳолӣ таъсири мусбат расонида, дар муаррифии пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дар миқёси байналмилалӣ доир ба масъалаҳои экологӣ саҳми арзанда мегузорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin