• Home »
  • ХАБАР »
  • Татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати ронанда ва мусофирзан барои дашноми ҳамдигар
Татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати ронанда ва мусофирзан барои дашноми ҳамдигар

Татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати ронанда ва мусофирзан барои дашноми ҳамдигар

  Санаи 17-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқишаи лафзии як нафар ронанда ва ҷавонзани мусофир инъикос ёфта, ҳар ду ҳамдигарро бо алфози қабеҳ дашном медиҳанд.
  Навори мазкур, ки пур аз алфози қабеҳ аст, аз ҷониби шаҳрвандон вокунишҳои манфиро ба миён оварда, аз мақомоти милитсия хоҳиш намудаанд, ки нисбати ҳар ду барои дашноми ҳамдигар чораандешӣ карда шавад.


  Зимни санҷиш аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Волсваген” рақамоҳои қайди давлатиаш 0713ТТ09 шаҳрванд Ваҳҳоби Аҳлиддин, санаи таваллудаш 09.11.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Чоряккорон ва мусофирзан шаҳрванд Иброҳимова Миҷгона Раҳмоналиевна, санаи таваллудаш 16.04.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак мебошанд.


  Дар натиҷаи пурсиш ошкор гардид, ки санаи 17-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 13:20 дақиқа Иброҳимова Миҷгона аз кӯчаи Испечак ба автомашина нишаста, ба самти маҳаллаи Мехкалон раҳсипор мегард. Аз сабаби саривақт ба самти фармоишшуда гардиш карда натавонистани ронанда, миёни номбурдагон муноқиша сар зада, ҳамдигарро бо алфози қабеҳ дашном додаанд.
Зимнан, ҳар ду-ронанда ва мусофирзан худро дар вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гунаҳкор меҳисобанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда-Ваҳҳоби Аҳлиддин ва мусофирзан-Иброҳимова Миҷгона тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 476 сомонӣ татбиқ карда шуд.  

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin