Суръати баланд: ба ҳалокат расидани ронандаи «Мерседес-Бенс»

Суръати баланд: ба ҳалокат расидани ронандаи «Мерседес-Бенс»

  Санаи 18-уми марти соли 2023, тахминан соати 01:00 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», рақами қайди давлатиаш 002КК03, Исроилов Асадбек Исмоилоғлу санаи таваллудаш 25.10.2000, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи ноҳияи Чортоктумани вилояти Намангон, ҳангоми тавассути роҳи мошингарди кӯчаи Н.Махсум аз ҷониби маҳаллаи Зафар ба самти хиёбони И.Сомонӣ бо суръати баланд ҳаракат намудан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархурдааст.

  Дар натиҷа автомашинаи мазкур ба ду қисм ҷудо шуда, қисмати қафои автомашина оташ гирифтааст.
  Ронандаи воситаи нақлиёт дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатхои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin