• Home »
  • ХАБАР »
  • Дастгир гардидани ду ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ
Дастгир гардидани ду ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ

Дастгир гардидани ду ҷавон бо ҷурми ғоратгарӣ

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино аризаи марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур, ронандаи ширкати «Рахш Такси» ворид гардидааст, ки 19-уми марти соли 2023, тахминан соати 03:30-дақиқа, 2 нафар шахси номаълум ба автомашинааш нишаста, ҳангоми ба кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт расидан ҳаққи роҳкиро 50 сомониро надода, бо роҳи зуроварӣ аз дасташ телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг А-02»-ро, ки арзишаш 1000 сомонӣ мебошад, кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
  Дар натиҷа, ба ҷабрдида 1 ҳазору 50 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 21 ва 22-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
  Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin