• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти «Корд»: несту нобудсозии силоҳҳои сарди мусодирашуда
Амалиёти «Корд»: несту нобудсозии силоҳҳои сарди мусодирашуда

Амалиёти «Корд»: несту нобудсозии силоҳҳои сарди мусодирашуда

  Аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми чанд соли охир аст, ки бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард ва бо худ гардонидани предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда, дар ҳудуди пойтахт амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ карда шуда аст. Маҳз дар натиҷаи ин чораандешии мақомоти милитсия сол то сол сатҳи содиршавии ҳама гуна ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, махсусан ҷиноятҳое, ки бо истифода аз силоҳи сард содир мегарданд, майли коҳишёбӣ дорад.
  Аз ҷумла, дар соли 2022 ҷинояткории ноболиғон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба андозаи 14,4%, махсусан содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ аз ҷониби ноболиғон ба андозаи 46,1% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон дар соли сипаригардида амалҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ҷавонон низ 17,7% камтар содир шудааст.


  Қобили зикр аст, ки давоми соли 2022 зимни баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ноболиғону ҷавонон дар умум 1120 адад силоҳи сард аз ҷумла: 766 адад корд, 335-адад кастет, 14-адад дастчӯб (бита), 4-адад электрошокер ва 1-адад табар дарёфту мусодира гардида, нисбати ҳамаи дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузорӣ дар асоси Қарорҳои дахлдори Суд чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд.


  Санаи 17-уми марти соли ҷорӣ бо ташкили комиссияи махсус ҳамаи силоҳҳои сарди мусодирашуда, бо қабули қарори дахлдор несту нобуд ва корношоям гардонида шуданд.
  Мақомоти милитсияи пойтахт ба фаъолони ҷомеа ва шаҳрвандоне, ки бо мақсади аз байн бурдани ин омили номатлуб дар ҷомеа бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намудаанд, изҳори миннатдорӣ менамояд.
Амалиёти шартии «Корд» идома дошта, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейду амалиётхои санҷишӣ дар байни наврасон минбаъд низ гузаронида мешавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin