Боздошт ва ҳабси боз як нафар қиморбоз

Боздошт ва ҳабси боз як нафар қиморбоз

  Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, шаҳрванд Кӯлобиев Қурбон Саъдуллоевич, санаи таваллудаш 25.08.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С.Айнӣ, ки қаблан бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор суд шудааст, барои машғул шудан ба қиморбозӣ, ба истилоҳи мардумӣ алик-малик дастгир карда шуд. Номбурда, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба воситаи карта ба бозии мардумфиребонаи қиморбозӣ машғул гардида, бо ин роҳ маблағиҳои шаҳрвандонро аз худ мекардааст.
  Аз ҷумла, санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ, дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ назди «Боғи ҳайвонот» ҳангоми машғули ин бозӣ будан, дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.


  Нисбати шаҳрванд Кӯлобиев Қурбон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Сино ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.
  Мутаассифона, новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ боз ҳастанд нафароне, ки дидаву дониста ба доми чунин афроди мардумфиреб афтода, маблағҳои худро аз даст медиҳанд. Вобаста ба ин Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки бо мақсади пешгирии ин омили номатлуб худро бетараф нагирифта, ҳангоми мушоҳидаи мардумфиребии чунин афрод, онро ба навор ва расм гирифта, тариқи суроғаҳои электронӣ ба мақомоти милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin