Боздошти боз як нафар қаллоби интернетӣ

Боздошти боз як нафар қаллоби интернетӣ

  Шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ, ки имрӯз ба як майдони фарохи мубодилаи афкор, иттилоот ва муошират байни шаҳрвандон табдил ёфтааст, ҳар як нафар онро бо мақсадҳои гуногун истифода менамояд. Мутаассифона дар ин замина ҳастанд бархе аз афроде, ки бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ба қаллобию мардумфиребӣ машғул гардида, ба шаҳрвандон дар баробари зарарҳои пулию молиявӣ, ҳамзамон зарари равонӣ низ мерасонанд.
  Кормандони мақомоти милитсия дар баробари ошкор ва дастгир намудани содиркунандагони дигар шаклҳои ҷиноят, бо мақсади ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани қаллобону дуздони интернетӣ низ фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ мондаанд.
  Аз ҷумла, дар заминаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, шаҳрванд Беҳрӯзи Субҳиддин санаи таваллудаш 23.08.2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳалаи Лучоб дастгир карда шуд.


  Зимни санҷиш муайян гардид, ки дастгиршуда Беҳрӯзи Субҳиддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои қалбакӣ (фейк) бо номҳои «Солиҳин-ТВ» ва «Муҳаммад-ТВ» фаъол намуда, ба мардумфиребӣ машғул гардидааст. Номбурда тавассути ин саҳифаҳои қалбакии худ бо нашр намудани эълонҳои дуруғин, ки гӯё ба афроди ниёзманд кумак мерасонад, шаҳрвандонро ба доми фиреби худ дароварда, барои ба онҳо расонидани кумак ва дар рӯйхати ниёзмандон ворид намудан, маблағҳои гуногун талаб намуда гирифтааст. Баъд аз гирифтани маблағҳои пулии шаҳрвандон дигар ба зангҳои онҳо ҷавоб надода, рақамҳои телефонашро хомуш кардааст.
  Айни замон аз ҷониби кормандони милитсия зиёда аз 20-ҳолати бо чунин шакл фиреб додани шаҳрвандон муайян карда шудааст, ки номбурда ба ҳар яке аз шаҳрвандон аз 800 то 2-ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
  Ҳоло, нисбати дастгиршуда Беҳрӯзи Субҳиддин тибқи талаботи моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Аз шаҳрвандон низ хоҳиш карда мешавад, ки агар мавриди фиреби ин нафар қарор гирифтаанд, ба мақомоти милитсия муроҷиат намоянд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милится

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin