• Home »
  • ХАБАР »
  • Шакли нави дуздӣ: дастгир гардидидани як нафар ҷавондухтар барои тасарруфи маблағ аз ҳамёни электронӣ
Шакли нави дуздӣ: дастгир гардидидани як нафар ҷавондухтар барои тасарруфи маблағ аз ҳамёни электронӣ

Шакли нави дуздӣ: дастгир гардидидани як нафар ҷавондухтар барои тасарруфи маблағ аз ҳамёни электронӣ

  Дар натиҷаи пешрафту тараққиёти рӯзафзуни ҷамъият, муносибатҳои молиявӣ ва додугирифтҳои пулӣ низ ба шакли электронӣ гузашта истодаанд. Дар ин замина содир гардидани ҷиноятҳои гуногун ва рабуда шудани маблағҳои шаҳрвандон низ ба чашм мерасанд. Вобаста ба ин, истифодабарандагони ҳамёнҳои электрониро мебояд, пеш аз ҳама донишҳои технологӣ ва тарзи дуруст ва бехатар истифода бурдани ҳамёни электрониро аз худ намоянд, то ба доми дуздону қаллобон наафтанд.
  Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт, дар натиҷаи баррасии арзу шикояти шаҳрвандон, як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро амалӣ намуда, як нафар ҷавондухтарро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
  Ин нафар, шаҳрванд Носирова Сумая Сафаралиевна, санаи таваллудаш 06.10.2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад, ки қаблан бо ҷурми ғоратгарӣ суд шудааст.
  Номбурда шакли нави тасарруфи маблағҳои шаҳрвандонро аз худ намуда, бо ҳар роҳу восита рамзи ҳамёни электронии шаҳрвандонро ба телефони мобилии худ пайваст намуда, маблағҳои шаҳрвандонро ба корти бонкии худ интиқол медодааст.
  Аз ҷумла, бо ҳамин тарз ҳангоми дар дохили маркази савдои «Садбарг» қарор доштанаш бо тариқи пинҳонӣ аз ҳамиёни электронии як нафар савдогар маблағи 4490 сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Ҳамин тариқ, дастгиршуда-Носирова Сумая, санаи 18-уми январи соли ҷорӣ, аз ҳамёни электронии як нафар корманди маркази савдои “Шоҳмансур” низ 7190 сомониашро ба ҳамиёни электронии худ гузаронида, ба ҷабрдида зарари калон расонидааст.
  Баъд аз дастгир гардидан, аз номбурда як миқдор маблағҳои рабудашуда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
  Айни замон, гумонбаршаванда Носирова Сумая дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бо мақсади муайян намудани даст доштани номбурда дар дигар ҳолатҳои ҷиноят, тафтишот ҷараён дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin