• Home »
  • Баромадҳо »
  • Мулоқоти судманди кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо масъулини маорифи ноҳияи Сино
Мулоқоти судманди кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо масъулини маорифи ноҳияи Сино

Мулоқоти судманди кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо масъулини маорифи ноҳияи Сино

  Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои алоҳидаи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии содиркунии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва баррасии роҳҳои ба илму дониш роҳнамоӣ сохтани ин қишри ояндасози ҷомеа дар бинои МТМУ№90 ноҳияи Сино мулоқоти судманд бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино ва расиони кумитаи маҳаллу фаъолони ҷомеа доир гардид.


  Дар ин вохурӣ сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, муовини раиси ноҳияи Сино Каримова Ашурбӣ Одинаевна ва сардорони ШВКД-1 ва ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, ҳамзамон намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ширкат ва суханронӣ намуданд.
  Чуноне таъкид гарид, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба масъалаи тарбияи Ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтаанд, то барои илмомӯзии наврасон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.


  Ба иттилои ширкаткунандагони ин мулоқот, гарчанде аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чандин сол сипарӣ гардида бошад, ҳам ҳанӯз аз ҷониби баъзе аз волидайн нисбати таълиму тарбияи фарзандон бемасъулиятӣ ба назар мерасад. Ин аст, ки ҳанӯз сар задани муноқишаҳои гурӯҳӣ миёни наврасон, содир намудани ҷиноятҳои дуздиву ғоратгарӣ, бо худ гардонидани яроқи сард махсусан корд ва шабгардиву ба амалҳои ношоям даст задани наврасон решакан нагардида, боиси ташвиш мебошад.


  Маҳз бо мақсади пешгирии содир намудани ҷиноят бо истифода аз силоҳи сард аз ҷониби наврасон, давоми 4-соли охир аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Корд» гузаронида шуда истодааст, ки шумораи зиёди предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуда, нисбати волидайни ноболиғон чораҳои таъсиррасонии қонунӣ андешида шудааст. Ин аст, ки сол аз сол сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғону ҷавонон коҳиш ёфтааст. Вале чуноне таъкид гардид, ҳамаи ин нишондиҳандаҳо кофӣ набуда, бояд ҳамагон ба таври дастаҷамъона дар тарбияи наврасон саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро ояндаи дурахшони давлату миллат аз насли донишманду ватандӯст вобастагии калон дорад.
  Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур миёни ширкаткунандагону маърӯзачиён саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin