• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи беш аз 92 килограм воситаҳои нашъадор
Мусодираи беш аз 92 килограм воситаҳои нашъадор

Мусодираи беш аз 92 килограм воситаҳои нашъадор

  Воситаҳои нашъадор яке аз сарчашмаи асосии маблағгузории гурӯҳҳои ҷиноятию харобкор ба шумор рафта, ин маводи заҳрогин ҳазорон ҷавонро ба дарди ҷонкоҳи нашъамандӣ гирифтор ва саргаштаву шармсор сохтааст.
  Ахиран аз рӯи ахбороти операвтивӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе як нафар роҳбари гурӯҳи қочоқчиёни воситаҳои нашъадор таҳти коркардҳои оперативӣ қарор дода шуда, дар натиҷа дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
  Шаҳрванд Холмадов Исо Шерхонович, соли таваллудаш 1962 истиқоматкунандаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, деҳаи Ҳаёти нав, ки дар байни олами ҷиноятӣ бо тахалуси «Мудир» маъруф аст, ҳангоми ба муомилот баровардани воситаҳои нашъадор дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.


  Дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ муайян карда шуд, ки дастгиршуда, Холмадов Исо бо нашъаҷаллобони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон робита дошта, муддати тулонист ба паҳнсозии воситаҳои нашъадор машғул аст. Аз ҷумла, маротибаи охирон аз як ҳаммаслаки ҷиноятии худ дар 4-халтаҳои полиэтиленӣ воситаҳои нашъадори навъи афюнро қабул намуда, дар бошишгоҳи саҳроии худ, дар зери хошок пинҳон намуда, мехост аз фуруши он маблағ ба даст орад. Баъд аз дастгир гардидани номбурда воситаҳои нашъадор аз ҷониби кормандони милитсия дарёфту мусодира карда шуд, ки 92-килою 100-граммро ташкил медиҳад.


  Тибқи маълумотҳои оперативӣ номбурда ҳамчун роҳбари гурӯҳи нашъаҷаллоб муддати тулонист ба муомилоту қочоқи ғайриқонунии воситаҳои нашъадор машғул аст. Маҳз коркардҳои операвтивии кормандони Шуъбаи мубоиза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба пайроҳаи ҷиноятии номбурда хотима гузошт. Воқеан пайроҳаи қочоқ ва молу сарвате, ки аз роҳи ҷиноят, махсусан муомилоти воситаҳои нашъадор ба даст меояд, бесамару бебақо буда, чунин афроди ҷиноятпешаро солҳои тулонии пушти панҷараи маҳбас ва ҳасрату надомат интизор аст.
  Айни замон, нисбати Холмадов Исо тибқи талаботи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin