5-шабонарӯз: Ҳабси маъмурии ронанда ва «кондуктор»

5-шабонарӯз: Ҳабси маъмурии ронанда ва «кондуктор»

  Санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ як нафар шаҳрванд бо ирсоли навор аз мақомоти милитсия дархост намуд, ки нисбати ронанда ва «кондуктор»-и воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Спринтер» рақами қайди давлатиаш 2440СЕ01 чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад, зеро номбурдагон дар баробари вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳамзамон муроҷиаткунандаро дашномҳои қабеҳ намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.


  Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи воситаи нақлиёти мазкур шаҳрванд Мирзоев Раҳмоналӣ Раҳимович, санаи таваллудаш 17.08.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев ва «кондуктор»-Зафархони Адолатшо, санаи таваллудаш 12.04.2000, сокини ноҳияи Ховалинг мебошанд.
  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки ронанда-Мирзоев Раҳмоналӣ санаи 15-уми декабри соли ҷорӣ, тақрибан соати 11:00 дақиқа ҳангоми ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, дар қатори дуюм таваққуф карда, сабабгари тамбашавии воситаҳои нақлиёт гардидааст. Ин амали номбурда боиси эроди дигар ронандагон шуда, аз ӯ хиҳиш намудаанд, ки воситаи нақлиёти худро аз қатори дуюм гирад. Аммо, номбурдагон ба таври дағалона ба ронандаи муроҷиаткунанда дарафтода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронанда-Мирзоев Раҳмоналӣ ва «кондуктор»-Зафархони Адолатшо, тибқи талаботи модда 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбати ҳар кадоме ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.
  Ҳамзамон барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидан, нисбати ронанда-Мирзоев Раҳмоналӣ бо моддаи 510 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin