Даст ба худкушӣ задани ҷавондухтари 20 сола

Даст ба худкушӣ задани ҷавондухтари 20 сола

  Санаи 28-уми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 09:10 дақиқа кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар асоси хабари фаврӣ ба кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур ҳозир гардиданд. Дар натиҷа муайян гардид, ки як нафар ҷавондухтари 20-сола, зодаи ноҳияи Нуробод, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба ошёнаи 10-уми бинои №52/46 кучаи С.Айнӣ баромада, ба воситаи тиреза худро ба замин партофта, даст ба худкушӣ задааст.
  Зимни азназаргузаронӣ аз ҷайби марҳум навиштаҷоте бо мазуни «аз ягон нафар шикоят надорам» дарёфт гардидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур санҷиш ҷараён дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin