• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷаримабандии корманди нуқтаи таъмири нақлиёт, барои вайрон намудани тартибот
Ҷаримабандии корманди нуқтаи таъмири нақлиёт, барои вайрон намудани тартибот

Ҷаримабандии корманди нуқтаи таъмири нақлиёт, барои вайрон намудани тартибот

  Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Сафаров Нуриддин Маҳмадалиевич, санаи таваллудаш 14.12.1981, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ, деҳаи Бурёбоф барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва дар нимашабӣ халалдор сохтани оромии шаҳрвандон, дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар нуқтаи таъмири нақлиёт, воқеъ дар кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҳайси рангуборчии воситаҳои нақлиёт кору фаъолият намуда, зимни анҷоми корҳои таъмири нақлиёт пайваста реҷаи кориро вайрон ва то нимашабӣ фаъолият мекардааст. Чуноне аз наворҳои ирсол намудаи шаҳрвандон дида мешавад, садои баланду гушхароши дастгоҳҳои устохона зимни истифодабарӣ оромии шабонаи сокинони биноҳои атрофро халалдор сохта, боиси нороҳатӣ ва эроди шаҳрвандон гардидааст.

  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сафаров Нуриддин протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати минбаъд ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ даст назадан, ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin