Таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ

Таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ

  Ҳамасола санаи 5-уми октябр рӯзи таъсисиёбии воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ таҷлил карда мешавад.
  Бахшида ба ин санаи муҳим дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсат генерал-майори милитсия, Ҳамидзода Бароталӣ Партов, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсия пойтахт ширкат намуданд.


  Зимни суханронӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳозиринро ба «Рӯзи кормандони оперативӣ» табрику мубаракбод намуда, ба ҳайати шахсии воҳидҳои оперативӣ ҷиҳати фаъолияти бенуқсони минбаъдаашон дар самти пешгириву дастгирнамоии ҷинояткорон, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи молу мулки шаҳрвандон барору комёбиҳо таманно намуд.


  Чуноне таъкид гардид, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зина ба зина тамоми бахшҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон тараққӣ намуда, дар ин баробар Вазорати корҳои дохилӣ ба як сохтори калидӣ ва қудратманду тавонои кишвар мубаддал гардид. Бахши кофтукови ҷиноятӣ низ тадриҷан инкишоф ёфта, имрӯз Раёсат ва Шубаҳои кофтукови ҷиноятии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти оперативӣ-хизматиро ба роҳ мондаанд.


  Дар ҷараёни чорабинии мазкур, сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, майори милитсия Шарофов Фирдавс низ суханронӣ намуда, аз масири таърихии таъсисиёбӣ ва рушду инкишофи сохторҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуд. Чуноне номбурда таъкид дошт, имрӯзҳо воҳидҳои оперативии мақомоти милитсияи пойтахт бо кормандони ихтисосманд ва бо тамоми лавозимоти моддию техникӣ таъмин буда, аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо сарбаландона баромада истодаанд.
  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур аз ҷониби сардори раёсат як қатор кормандони дорои фаъолияти баланди хизматӣ бо Ифтихорномаю Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin