• Home »
  • ХАБАР »
  • Боздошти вайронкунандагони тартибот: Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои истифодаи оташфаввора (салют) ва ҳабси маъмурии ду ҳаммаслаки ӯ
Боздошти вайронкунандагони тартибот: Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои истифодаи оташфаввора (салют) ва ҳабси маъмурии ду ҳаммаслаки ӯ

Боздошти вайронкунандагони тартибот: Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои истифодаи оташфаввора (салют) ва ҳабси маъмурии ду ҳаммаслаки ӯ

  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе 3-нафар ҷавонон барои даст доштан дар истифодаи оташфаввора (салют), ки садои баланду гушхароши он боиси халалдор гардидани оромии шаҳрвандон гардидааст, дастгир карда шуданд.
  Зимни санҷиш муайян гардидид, ки шаҳрванд Бобоев Алишер Шокирович, санаи таваллудаш 12.11.1993, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б.Ғафуров, санаи 27-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади таҷлили зодрӯзи ҳамсараш дар саҳни бинои истиқоматии кӯчаи Б.Ғафуров 33/1-и ноҳияи Сино як адад оташфаввораи пуриқтидорро ба кор андохтааст. Дар натиҷаи оташафрӯзӣ маводи пиротехникиии оташфаввора (салют) 2 маротиба таркидааст, ки дар вақти шабона шаҳрвандонро ба таҳлука оварда, оромии ҷамъиятӣ ва тартиботи сокинони минтақаро халалдор намудааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
  Ҳамзамон, ду нафар рафиқони номбурда шаҳрвандон, Саидов Шарофиддин Абдулҳамидович, санаи таваллудаш 21.01.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат ва Диловари Саид санаи таваллудаш 06.02.1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ маҳаллаи Гулбутта, ки барои дастраснамоии маводи пиратехникӣ ба ӯ кумак расонидаанд, дастгир карда шуданд.


  Нисбати номбурдагон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin