Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 18-сола

Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 18-сола

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷавони 18-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, 22-юми октябри соли 2022, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар кӯчаи Мушфиқӣ бо роҳи зӯроварӣ ва бо таҳдиди корд аз дасти ҷавони 17-солаи сокини шаҳри Душанбе телефони мобилии тамғаи «Редмӣ-9», ки арзишаш 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Нисбати ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin