• Home »
  • ХАБАР »
  • 10-шабонарӯз ҳабси репсаро барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия
10-шабонарӯз ҳабси репсаро барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия

10-шабонарӯз ҳабси репсаро барои итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия

  Санаи 5-уми сентябри соли ҷорӣ, шаҳрванд Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, санаи таваллудаш 21.12.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст задааст. Ҳамзамон, номбурда бо амалу рафтори нописандидаи худ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти милитсия шаҳри Душанбе монеагӣ эҷод намудааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.
  Зимни санҷиш кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда пурра исботи худро ёфтанд ва ӯ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Муродов Рамазон аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin