• Home »
  • Баромадҳо »
  • Ҳамоиши омӯзишӣ ба муносибати Рӯзи забон ва гиромидошти Ҷалолиддини Балхӣ
Ҳамоиши омӯзишӣ ба муносибати Рӯзи забон ва гиромидошти Ҷалолиддини Балхӣ

Ҳамоиши омӯзишӣ ба муносибати Рӯзи забон ва гиромидошти Ҷалолиддини Балхӣ

  Ба муносибати таҷлили рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур номзади илмҳои педагогӣ, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Азиза Давлатшоева, Мирбобоев Азиз дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва роҳбарону ҳайати шахсии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ширкат намуданд.


  Дар қисмати аввали чорабинии мазкур оид ба паҳлӯҳои гуногуни забоншиносӣ, рушду такомули забон дар марҳилаҳои таърихӣ ва нақши шоирону нависандагон, махсусан Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва шоҳасари безаволи ӯ «Маснавии маънавӣ» дар нигоҳдошти асолати забони тоҷикӣ маърӯзаҳои пурмуҳтавою омӯзишӣ пешниҳод гардид.
  Чуноне устоди забоншинос Азиз Мирбобоев таъкид дошт, забони тоҷикӣ дар ҳама марҳилаҳои гузаштаи таърих, ҳамчун забони пурғановат, фарогири илму дониш ва тамоми ҷамбаҳои зиндагонии мардумон ба шумор мерафт. Донишмандону нависандагони миллати тоҷик, аз ҷумла Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо таълифи китобҳои пурарзиши худ дар пойдорӣ ва ғанигардонии забони тоҷикӣ саҳми боарзиш гузоштаанд.


  Ба андешаи номбурда ҳоло раванди ҷаҳонишавӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро тадриҷан фаро гирифтааст. Чуноне Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ, дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд».
  Нуктаи муҳими дигареро, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 27-уми сентябри соли ҷорӣ зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи кишвар иброз намуданд, ин аст, ки «Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.
  Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст».


  Ба андешаи Азиза Давлташоева иштирокчии дигари чорабинии мазкур дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ баҳри пойдории арзишҳои фарҳангию миллӣ, махсусан забони тоҷикӣ ҳар як шаҳванди кишвар бояд саҳми худро гузошта, ба арзишҳои волои забон арҷ гузорад. Поку беолоиш нигоҳ доштани забон, дастёбӣ ба малакаю маҳорати истифодаи захираи ғании луғавию дастурии он вазифаи шаҳрвандии ҳар як нафар маҳсуб меёбад.
  Дар қисмати дигари ҳамоиши омӯзишӣ, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши забонӣ ва риояи имлои забони тоҷикӣ аз кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе диктанти санҷишӣ гирифта шуд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin