• Home »
  • Баромадҳо »
  • Таъмиру азнавсозии Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар н.Сино
Таъмиру азнавсозии Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар н.Сино

Таъмиру азнавсозии Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар н.Сино

  Дар доираи иқдомҳои созандагию ободкорӣ ва фароҳам гардонидани шароити мусоиди корӣ, бино ва утоқҳои кории Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пурра тармиму азнавсозӣ карда шуд. Дар расми ифтитоҳи он муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ва роҳбарону ҳайати шахсии шуъбаи мазкур ширкат намуданд, ки суҳбату мулоқоти судманд низ доир гардид.


  Зимни мулоқот, аз кормандони милитсия иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо шаҳрвандон, таъмини тартиботу пешгирии ҷинояткорӣ, аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ ва пайваста такмил додани савияи донишу малакаи касбӣ талаб карда шуд.


  Чуноне иттилоъ дода шуд, утоқҳои кории кормандони милитсия пурра таъмиру азнавсозӣ карда шуда, бо тамоми шароитҳои лозима, аз қабили мизу курсӣ, компютеру принтер ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
  Бо итминони комил иброз гардид, ки дар натиҷаи таъмини чунин шароитҳои лозимаи корӣ сатҳу сифати иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва таъмини суботу осоиштаҳолии шаҳрвандон низ тақвият ёфта, ба кормандони милитсия имкон медиҳад, ки саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, аз содиршавии ҷиноятҳои гуногун пешгирӣ намоянд. Ҳамзамон шаҳрвандон низ, ҷиҳати баррасии арзу шикоятҳои худ бо кормандони милитсия дар иртиботи зич қарор гирифта, дар таҳкими тартиботу пешгирии ҳама гуна унсурҳои халалдоркунандаи тартибот саҳми худро мегузоранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin