• Home »
  • ХАБАР »
  • Дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Дар ҳолати мастӣ вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Нозирони минтақавии ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар заминаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ шаҳрванд Назаров Убайдулло Файзуллоевич соли таваллудаш 13.05.1976, истиқомакунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Камонгарони болоро дастгир намуданд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда дар ҳолати сархушӣ ҳангоми дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев қарор доштан нисбати атрофиён беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шараф ва оромии шаҳрвандонро халадор сохтааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Назаров Убайдулло тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin