Садамаи нақлиётӣ, дар натиҷаи хоб рафтани ронандаи «такси»

Садамаи нақлиётӣ, дар натиҷаи хоб рафтани ронандаи «такси»

  Санаи 2-юми сентябри соли ҷорӣ, тақрибан соати 5:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «КИА», рақами қайди давлатиаш 2786ТТ05, Маҳмудҷонов Умед Маҳмудҷонович, ки дар ширкати «Сафар Ориён» ба ҳайси ронандаи таксӣ фаъолият мекунад, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С.Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба монеаи канори роҳ бархурдааст.

  Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур аз сабаби хоб бурдани ронанда рух дода, автомашина чаппа шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда сиҳату саломат буда, автомашина зарари техникӣ дидааст.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin