• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ронандаи автобус барои дағалрафторӣ бо мусофирон 7-шабонарӯз ҳабс ва аз фаъолияти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд
Ронандаи автобус барои дағалрафторӣ бо мусофирон 7-шабонарӯз ҳабс ва аз фаъолияти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд

Ронандаи автобус барои дағалрафторӣ бо мусофирон 7-шабонарӯз ҳабс ва аз фаъолияти мусофиркашонӣ маҳрум карда шуд

  Бобоев Алишер Иззатуллоевич, санаи таваллудаш 04.03.1983, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Борбад, ронандаи автобуси хатсайри №43, рақами қайди давлатиаш 9951ТТ05, аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе барои бадрафторӣ бо мусофирон дастгир карда шуд.


  Қобили зикр аст, ки санаи 14-уми сентябри соли ҷорӣ навори лаҳзаи дағалрафтории номбурда бо мусофирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид, ки мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандон қарор гирифта, аз мақомоти милитсия хостори андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ шуданд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҳодисаи мазкур санаи 13-уми сентябр тақрибан соати 11:30 дақиқа рух додааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Бобоев Алишер тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати номбурда ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Ҳамзамон Бобоев Алишер дар асоси моддаи 42 қисми 17-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Tоҷикистон аз кор озод карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin