Истиқлолият – дастоварди пурарзиштарини миллати тоҷик

Истиқлолият – дастоварди пурарзиштарини миллати тоҷик

  Имрӯзҳо дар саросари Ватани азизамон-Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ танинандоз аст. Бахшида ба ин санаи муборак, рӯзи 3-юми сентябр дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ сардори Раёсати ВКД дар ш.Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал, сардори Шӯрои собиқадорони ВКД ҶТ генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм, доктори илмҳои таърих, профессор Усмонов Иброҳим Кенҷаевич, собиқадорону оилаҳои кормандони зимни адои хизмат фавтида ва ҳайати шахсии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он ширкат намуданд.
  Дар қисмати аввали чорабинии тантанавӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи адолатхоҳиву истиқлолталабӣ ва далериву ҷасурии фарзандони барӯманди миллати тоҷик ба маҷлисгоҳи Раёсат ворид карда шуда, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳозирин қироат гардид.

 

  Зимни сухани ифтитоҳӣ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов ҳозиринро бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ба муносибати ин ҷашни пурифтихори миллӣ сидқан шодбош гуфта, ба онҳо зиндагонии орому осоишта ва барору комёбиҳо таманно намуданд.
  Номбурда зимни суханронии худ зикр кард, ки Истиқлолият дастоварди пурарзиштарини мардуми куҳанбунёд ва тамаддунсозу сулҳхоҳи миллати тоҷик дар интиҳои асри гузашта ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи бонангу номус ва шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ мебошад.
  Аз баракоти ин неъмати бебаҳо кишвари соҳибихтиёри мо пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва имрӯзҳо бо қадамҳои устувор сӯйи марҳилаи тозаи инкишоф ва таҳкиму тақвияти аркони давлатдории мустақил, беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинонаш пеш меравад.


  Натиҷаи сиёсати хирадмандона, фаъолияти пурсамар ва талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Ватани азизу маҳбубамон сулҳу субот, некӯаҳволӣ ва рӯзгори осоиштаи шаҳрвандон таъмин мебошад.
  Бо шарофати сиёсати пешанамудаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли 31 соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат корҳои бунёдкориву созандагӣ равнақу ривоҷ ёфтанд.


  Дар ин замина Ҳамидзода Бароталӣ зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки барои ба даст овардани истиқлолият, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷиняткорӣ зиёда аз 2-ҳазор кормандони милитсия ҷони худро фидо намудаанд, ки 89 нафари онҳоро кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ташкил медиҳанд. Хизматҳои шоёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пайваста аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ мавриди дастгирии ҳама ҷониба қарор дода мешаванд. Ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ кормандони мақомоти милитсия бо тамоми шароитҳои зарурӣ таъмин гардида, ба як нерӯи қудратманди кишвар табдил ёфтааст.
Сардори РВКД дар шаҳри Душанбе бо итминон баён намуданд, ки «ҳар яки мо бо ҳисси баланди масъулият дар назди наслҳои ояндаи миллат аз уҳдаи вазифаҳои басо пурмасъул ва пуршарафи ба зиммаамон вогузоргардида сарбаландона мебароем ва бо нишон додани ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ, риояи қатъии интизоми хизматӣ ва қонуният ҳар лаҳза садоқати хешро ба Ватани маҳбуб ва мардуми шарафманди кишвар зоҳир намуда, амнияту Истиқлолияти давлатамонро таъмин менамоем».


  Сипас муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал суханронӣ намуда, нахуст табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии пойтахт ва ҳозирин расонид.
  Ба иттилои номбурда, дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пойтахти кишвар ба маркази рушду инкишоф ва хонаи умеди ҳазорон ҳаммиллатонамон табдил гардида, бо талошҳои пайгиронаи мардуми шарафманди тоҷик рӯз то рӯз тараққӣ ёфта истодааст. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ ва тараққиёти ҷамъиятӣ ворид гардида, баҳри муаррифии шостаи ҳамаи ин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ аз ҳар як нафар масъулияти банланди шаҳрвандӣ тақозо карда мешавад.
  Яке аз чунин муқаддасоти миллӣ ва арзиши олии давлатдорӣ, ин Истиқлолият мебошад, ки танҳо бо талошу заҳматҳои таърихан муҳимму бебаҳои фарзандони озодихоҳу истиқлолҷӯи миллати куҳанбунёди тоҷик ба даст омада, имрӯзҳо мо бо тантана 31-умин солгарди онро таҷлил мекунем.


  Ширкаткунандаи дигари чорабинӣ, доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов, ки бе восита иштирокчии раванди ба даст овардани ризояти миллию истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, аз таърихи бою рангини давлатдории тоҷикон, ба даст овардану пос доштани Истиқлолияти давлатӣ, хизматҳои таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаҳои тараққиёти Ватани азизамон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, хизматҳои содиқонаву шоистаи кормандони милитсия ибрози андеша намуданд.


  Ба андешаи мавсуф дар замони муноқишаҳои шаҳрвандӣ, ки шаҳри Душанбе маркази нооромиҳо ба шумор мерафт, кормандони мақомоти милитсия, ягона нерӯи ҳифзкунандаи тартибот ва муборизабаранда бар зидди ҷинояткорӣ маҳсуб меёфт. Дар ин марҳилаи душвору сангин мо шоҳиди ҷонбозиҳои бемисли кормандони ҳифзи ҳуқуқ гардидаем, ки нишондиҳандаи сатҳи баланди садоқатмандӣ ба давлату миллат ва касби пуршарафи ҳифзи тартиботу оромӣ мебошад.
  Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор оилаҳои бесаробонмондаи кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат фавтидаанд, собиқадорон ва кормандони Раёсат ва ҷузъу томҳои он дар шаҳри Душанбе, барои хизматҳои содиқонаву софдилона ва натиҷаҳои назарраси хизматӣ бо Сипосномаю Раҳматномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin