Ҳабси ронандаи «таксӣ» барои ба талбандагӣ ҷалб намудани пиразани маъюб

Ҳабси ронандаи «таксӣ» барои ба талбандагӣ ҷалб намудани пиразани маъюб

  Аз ҷониби афроди ҷисман солим ба талбандагӣ ҷалб намудани шахсони имконияташон маҳдуд, воқеан берун аз оини инсониву ҷавонмардист. Аммо, рейду амалиётҳои санҷишии кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе нишон медиҳанд, ки мутаассифона ҳастанд бархе нафароне, ки бо мақсади ба даст овардани маблағу даромади муфт, чунин афроди маъюбу дардмандро ба талбандагӣ водор сохта, аз ин ҳисоб зиндагонии худро пеш мебаранд.
  Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Исоев Умед Ҳоҷимуродович, санаи таваллудаш 18.02.1992, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел» рақамҳои қайди давлатиаш 2440ТТ07, як нафар пиразани маъюби гурӯҳи 1-умро барои талбандагӣ ҷалб намудааст.


  Номбурда тавассути автомашинаи худ ҳар рӯз пиразани ҳамдеҳаашро барои ба талбандагӣ машғул гардидан ба шаҳри Душанбе меовардааст. Зимни пурсиш муайян гардид, ки Исоев Умед ҳамарӯза қисмати зиёди маблағҳои бо ин роҳ ба даст овардаи пиразанро аз они худ намуда, қисмати каме аз онро ба худи пиразан медодааст.


  Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Исоев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin