• Home »
  • ХАБАР »
  • 5-шабонарӯз ҳабси ҷавонписар барои ишораҳои ғайриахлоқӣ нисбат ба як ҷавондухтар
5-шабонарӯз ҳабси ҷавонписар барои ишораҳои ғайриахлоқӣ нисбат ба як ҷавондухтар

5-шабонарӯз ҳабси ҷавонписар барои ишораҳои ғайриахлоқӣ нисбат ба як ҷавондухтар

  Як нафар ҷавондухтар сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли аксу навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, то нисбати ҷавонписари дар наворҳо инъикосёфта чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад. Тибқи иттилои ҷабрдида ҳангоми дар назди маркази савдои «Садбарг» қарор доштан, ин ҷавон нисбаташ суханони қабеҳ ва ишораҳои ғайриахлоқӣ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди дигарон паст задааст.


  Дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Соибов Фирдавс Исмоилович, санаи таваллудаш 27.02.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи А.Навоӣ мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсия дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.
  Зимни санҷиш амалу кирдорҳои номатлуби содиркардаи ӯ исботи худро ёфта, зимнан номбурда сидқан аз амалҳои худ изҳори пушаймонӣ намуд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Саидов Фирдавс тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin