10-шабонарӯз ҳабси ронандаи «Спринтер» барои беэҳтиромӣ нисбати пирамарди мусофир

10-шабонарӯз ҳабси ронандаи «Спринтер» барои беэҳтиромӣ нисбати пирамарди мусофир

  Санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба муносибатҳои дағалона бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 0654АВ07 нашр гардид. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ амалҳои ронандаро маҳкум намуда, дар ин замина аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 0654АВ07, шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло Раҳматуллоеивич, санаи таваллудаш 20.09.1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ мебошад.


  Ваҷҳҳои дар муроҷитаи мазкур зикргардида пурра мавриди санҷиш қарор дода шуда, исботи худро ёфтаанд. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии 0654АВ07, ки дар автомашинаи мазкур мавриди истифода қарор дошт, ба дигар нақлиёт тааллуқ дошта, шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло дар баробари истифодаи рақамҳои қайди давлатии бегона ҳамзамон бе иҷозатномаи дахлдор ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати Ғоибов Наҷибулло барои идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона, тибқи талаботи моддаи 313 ва барои бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
  Ҳамзамон дар асоси Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin