Ҳабси боз як ронандаи вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ

Ҳабси боз як ронандаи вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ

Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Бердиев Меҳроҷиддин Мирзоалиевич санаи таваллудаш 13.02.1992 истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” рақами қайди давлатиаш 3033АС07, барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.

Номбурда ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт дар кӯчаи С.Айнӣ дар баробари ба қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ даст задан, ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Бердиев Меҳроҷиддин протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin