Татбиқи 15-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

Татбиқи 15-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҳматов Акмал Исроилович, санаи таваллудаш 23.05.1987, истиқоматкунанда ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 0709ВВ03 барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 11-уми августи соли ҷорӣ тахминан соати 14:30 дақиқа ҳангоми дар назди бозори «Саховат», воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ қарор доштан, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, дар баробари ба қоидавайронкунӣ даст задан, ҳамзамон бо алфози қабеҳ шаъну шарафи атрофиёнро паст задааст.


  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Раҳматов Акмал протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз татбиқ намуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin