• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти «Корд»: Татбиқи ҷазои маъмурӣ барои тарғиби кордбадастӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Амалиёти «Корд»: Татбиқи ҷазои маъмурӣ барои тарғиби кордбадастӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Амалиёти «Корд»: Татбиқи ҷазои маъмурӣ барои тарғиби кордбадастӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

  Таҳлили ҷиноятҳои ба муқобили саломатии инсон равона гардида нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид нофаҳмиҳои ночиз ва муноқишаҳои лафзӣ ба задухурд табдил ёфта, дар сурати бо худ корд доштани муноқишакунандагон оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто ба куштор меанҷомад.
  Маҳз ба хотири аз байн бурдани ҳолатҳои истифодабарии силоҳи сард ва бо худ корд гардонидани ноболиғону наврасон давоми 4-соли охир Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Корд»-ро роҳандозӣ намуда истодааст.
  Ташвишовар он аст, ки баъзе аз наврасон бо худ гардонидани корд ва дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро ба қавле ба «муд» табдил дода, ҳатто бо корд мусаллаҳ будани худро ба навор ва расм гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн месозанд. Воқеан ин падидаи номатлуб аз ҳар як нафар фаъоли ҷамъият тақозо менамояд, ки бетараф набошанд.


  Аз ҷумла, дар доираи амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як гурӯҳ ноболиғони кордбадаст дастгир карда шуданд. Номбурдагон бо мақсади худнамоӣ ва нишон додани бартарияти худ нисбат ба дигар ҳамсолон дар даст корду табар гирифта, аксу наворҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон хонандагони синфҳои 6 ва 7-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт буда, аз онҳо 5-адад корд, 1-адад табар ва 1-адад чубдаст ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.


  Бо назардошти ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва ҳамаи он нафароне, ки дар таълиму тарбияи наврасон масъуланд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, зеро як лаҳзаина фориғболӣ дар таълиму тарбияи фарзанд метавонад ҳаёти ӯро доғдор ва дар назди хешу ақрабо шармсор гардонад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin