Амалиёти «Корд»: мусодираи 5-адад кастет

Амалиёти «Корд»: мусодираи 5-адад кастет

  Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории амалиёти шартии «Корд» шаҳрванд Собиров Муҳаммад Давлатович, соли таваллудаш 22.10.1989, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ки дар бозори «Меҳргон» ба фурӯши предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, аз ҷумла кастет машғул буд, дастгир карда шуд.
  Зимни кофтуков аз фурӯшгоҳи мазкур 5-адад кастет ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира гардид.


  Вобаста ба ин нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 492 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin