• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти «Корд»: мусодираи 22-адад кастет ва 12-адад «дубинка»
Амалиёти «Корд»: мусодираи 22-адад кастет ва 12-адад «дубинка»

Амалиёти «Корд»: мусодираи 22-адад кастет ва 12-адад «дубинка»

  Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд», ҳафтаи ҷорӣ низ ду нафар паҳнкунандагони передметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда муайяну дастгир карда шуданд.
  Аз ҷумла, зимни санҷиш дар бозори «Меҳргон» шаҳрванд Файзалиев Ҷурабек Азизуллоевич, соли таваллудаш 13.06.1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Зебуниссо дастгир гардид, ки номбурда дар баробари ашёҳои муҳимми рӯзгор ҳамзамон ба таври ғайриқонунӣ кастет низ ба фурӯш гузоштааст.
  Зимни азназаргузаронии фурӯшгоҳи мазкур аз номбурда 22-адад кастет дарёфту мусодира карда шуд.
  Нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 492 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи И.Сомонӣ ирсор карда шуд.


  Инчунин, ҳангоми санҷиш дар бозори «Ганҷина» шаҳрванд Олимов Фарҳод Ҷамшедович, соли таваллудаш 14.12.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сари Осиё, ки ба фурӯши ғайриқонунии «дубинка»-ҳои оҳанин машғул буд, дастгир карда шуд. Аз номбурда 12-адад «дубинка» ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуд.
  Нисбати номбурда низ тибқи талаботи моддаи 492 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба Суди ноҳияи Фирдасӣ ирсол гардид.


  Ҳамзамон аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Орзӯи Абдулҳамид соли таваллудаш 8.01.1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Р.Амакӣ дастгир карда шуд, ки бо худ корд мегардонид.
  Нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin