7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ

  Риояи ҳамаҷонибаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нишондиҳандаи сатҳи одобу ахлоқи ҳар як нафар ронанда ба шумор меравад. Мутаасифона баъзе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти гаронарзиш аз ҳиссиёти худнамоӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, ҳамзамон бо амалу рафтори ношоистаи худ боиси халалдор гаштани тартиботи ҷамъиятӣ мегарданд.
  Дар ин замина кормандони БДА, ки бо мақсади таъмини назму тартибот ва ошкору пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд, нисбати чунин ронандагони қонуншикан чораҳои дахлдори қонунӣ меандешанд.
  Аз ҷумла, кормандони бозрасӣ ҳангоми хизматбарӣ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес- гелендваген» рақами қайди давлатиаш 7000JE01, Убайдзода Шаҳром Шамсулло, соли таваллудаш 01.03.2002 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Назаршоев протокол тартиб додаанд.


  Дар ин замон бародари номбурда Убайдов Идибек Шамсуллоевич, соли таваллудаш 20.05.1994, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, дар баробари беэҳтиромӣ нисбати кормандони бозрасӣ, ҳамзамон онҳоро бо алфози қабеҳ дашном додааст.


  Дар натиҷа аз ҷониби кормандони милитсия ҳар ду бародарон ва автомашинаашон ба ҷаримагоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати Убайдов Идибек барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи И.Сомонӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin