Садама дар натиҷаи нодида гирифтани аломати роҳ

Садама дар натиҷаи нодида гирифтани аломати роҳ

  Дар бештари маврид нодида гирифтани аломатҳои танзимкунандаи ҳаракат дар роҳ ба садамаҳои нақлиётӣ анҷомида, боиси зарар дидани шаҳрвандон ва дар баъзе маврид ба ҳалокат расидани онҳо меанҷомад. Вобаста ба ин риояи ҳамаҷонибаи талаботи аломатҳои танзимкунанда ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пеш аз ҳама ба манфиати ронандагон ва тамоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.


  Чунончӣ, санаи 28. 07. 2022 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», рақами қайди давлатиаш 6237ВЕ01 ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти ноҳияи Варзоб талаботи аломати роҳро нодида гирифта, ба садама дучор гашт. Номбурда ҳангоми расидан дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи «Чорбоғ» ба автомашинаи тамғаи «Хундай-портер» рақами қайди давлатиаш 9970РК01, ки тавассути роҳи асосӣ ҳаракат дошт бархурдааст. Дар натиҷа ронанда ва ду мусофири автомашинаи «Хундай портер» ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда шуданд. Ҳамзамон ҳарду автомашина зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin