Боздошти ронандаи фирорӣ баъд аз ду соати садама

Боздошти ронандаи фирорӣ баъд аз ду соати садама

  Санаи 21.07.2022, тахминан соати 12:25 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 2521ВХ01 Хайруллоев Иброҳим Усмонович, санаи таваллудаш 01.07.1971, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ назди бозори «Кӯшониён» бар хилофи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, ба тарафи чап, ки аз қафо автомашинаи дигар ҳаракат дошт гардиш карда, монеи ҳаракати ӯ гаштааст. Дар натиҷаи ронандаи автомашиани тамғаи «Опел-Астра», рақами қайди давлатиаш 5454ЕА02, к ибо роҳи худ ҳаракат дошт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, нахуст ба қисмати паҳлуи автомашинаи «Мерседес Бенс» ва сипас ба симчӯби байни роҳ бархурдааст, ки дар натиҷа ду нафар мусофиронаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас гардидаанд.


  Ронандаи қонуншикан-автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Хайруллоев Иброҳим бошад, ба ҷойи он ки ба ҷабрдидагон ёрии худро расонад, бараъкс аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад, ки ин амали ӯ ҷавобгариро дар назди қонун вазнинтар мегардонад. Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ пас аз ду соати сар задании садама ронандаи фирорӣ дастгир ва ба мақомоти милистия дастрас карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin