• Home »
  • ХАБАР »
  • Амалиёти “Корд”: Боздошти 3 нафар давоми ҳафтаи ҷорӣ
Амалиёти “Корд”: Боздошти 3 нафар давоми ҳафтаи ҷорӣ

Амалиёти “Корд”: Боздошти 3 нафар давоми ҳафтаи ҷорӣ

  Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноят бо истифода аз силоҳи сард ҳафтаи ҷорӣ низ аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа ду нафар барои фурӯш ва паҳнсозии силоҳи сард ва як нафар барои бо худ гардонидани корд дастгир гардиданд.
  Аз ҷумла, зимни гузаронидани санҷиш дар бозори «Панҷшер» шаҳрванд Расулов Хушназар Аҳмадхонович, санаи таваллудаш 15.04.1988, истиқоматкунандаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардид, ки номбурда дар дукони худ ба фурӯши кастет машғул буд. Зимни азназаргузаронӣ аз номбурда 10-адад кастетҳои гуногунҳаҷм дарёфту мусодира карда шуд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 492 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ба андозаи 320-сомонӣ ҷаримабандӣ гардид.


  Инчунин, зимни санҷиш дар бозори «Ганҷина» шаҳрванд Додобоев Неъматулло Исломович, санаи таваллудаш 29.09.1977, сокини кӯчаи Навбаҳори шаҳри Душанбе боздошт карда шуд, ки ӯ низ ба фурӯшу паҳнсозии кордҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда машғул буд. Зимни санҷиш аз ӯ 10-адад кордҳои гуногунтамға дарёфту мусодира карда шуд.


  Ҳафтаи ҷорӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Ленивих Юрий Петрович, санаи таваллудаш 11.06.1981, истиқоматкунандаи кӯчаи Кайҳоннавардони шаҳри Бохтар, ки бо корд мусаллаҳ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гаштугузор мекард, дастгир карда шуд. Зимни кофтуков аз ӯ як адад корд ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
  Нисбати номбурда низ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ гардид.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin