• Home »
  • БДА ХАБАР МЕДИҲАД »
  • Ҷаримабандии ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла” барои монеагӣ ба ҳаракати троллейбус
Ҷаримабандии ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла” барои монеагӣ ба ҳаракати троллейбус

Ҷаримабандии ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла” барои монеагӣ ба ҳаракати троллейбус

Новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ мутаассифона ҳастанд боз ронандагоне, ки оддитарин қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, боиси вайрон гардидани назму тартибот дар ҷоддаву роҳҳои пойтахт мегарданд.

Аз ҷумла, як нафар сокинони шаҳри Душанбе бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла” рақами қайди давлатиаш 0050ОХ01 чораҳои таъсирасони қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда автомашинаи худро дар қатори дуюм дуру дароз бе нзорат гузошта, ба ҳаракати автобус ва дигар воситаҳои нақлиёт монеагӣ эҷод намудааст.

Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Ҳалимов Амриддин Амирович, санаи таваллудаш 06.10.1986, истиқоматкунандаи н.Варзоб деҳаи Такоб мебошад. Зимни пурсиш муайян гардид, ки номбурда санаи 22-юми июни соли ҷорӣ тақрибан соати 18:50 дақиқа дар кӯчаи Борбади ноҳияи Сино назди бозори ” Деҳқон” автомашинаи худро дар қатори дуюм дуру дароз бе назорат гузошта, ба ҳаракати дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳ халал расонидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Каролла” рақамҳои қайди давлатиаш 0050ОХ01-Ҳалимов Амриддин тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шуд.

 Ҳамзамон ҷиҳати минбаъд ба чунин қоидавайронкунӣ даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin