• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҳодисаи нохуш: дарёфти ҷасади ҷавондухтар аз соҳили дарёи «Душанбе»
Ҳодисаи нохуш: дарёфти ҷасади ҷавондухтар аз соҳили дарёи «Душанбе»

Ҳодисаи нохуш: дарёфти ҷасади ҷавондухтар аз соҳили дарёи «Душанбе»

  Санаи 1-уми июни соли 2022 тақрибан соати 16:00 дақиқа аз соҳили дарёи Душанбе воқеъ дар кӯчаи Ҳ.Шерозӣ, наздикии Маркази барқу-гармидиҳии Душанбе-2 ҷасади як нафар ҷавондухтар бе аломатҳои марги маҷбурӣ ёфта шуд. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ҷасади ёфташуда шаҳрванд Ғаффорова Шаҳноза Маҳмадшоевна соли таваллудаш 05.08.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшон мебошад.
  Мавриди зикр аст, ки номбурда санаи 26-уми майи соли ҷорӣ аз беэҳтиётӣ ба дарёи Варзоб ғарқ шуда, то ба ин рӯз аз ҷониби кормандони милитсия ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда мавриди ҷустуҷӯ қарор дошт.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin