Садамаи нақлиётӣ: натиҷаи итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо   

Садамаи нақлиётӣ: натиҷаи итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо  

Санаи 17-уми июни соли ҷорӣ соати 05.58 дақиқа дар чорроҳаи кучаи С.Айнӣ – хиёбони Рудакӣ ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри” рақами қайди транзитиаш С33-30 Т07 ҳангоми ҳаракат ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, дар ранги сурх бо суръати баланд автомашинаи худро идора кардааст, ки дар натиҷа ба се адад воситаи нақлиёт бархурдааст

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Тайота Кемри” ҷавони 27 солаи сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати начандон вазнин ба саломатиаш бардошта, айни замон дар беморхона бистарӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ин садамаи нақлиётӣ, ки бо айби ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Кемри” рух додааст, се адад автомашинаҳо ва як адад автобуси мусофиркаш зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, таҳқиқи пешакии ҳодиса идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin