• Home »
  • ХАБАР »
  • Иштироки кормандони милитсияи пойтахт дар шанбегии навбатӣ
Иштироки кормандони милитсияи пойтахт дар шанбегии навбатӣ

Иштироки кормандони милитсияи пойтахт дар шанбегии навбатӣ

Дар доираи иқдомҳои созандагию ободкории раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе имрӯз ба шанбегии дастаҷамъӣ баромаданд. Дар якҷоягӣ бо сокинон гирду атрофи биноҳои истиқоматии кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тозаву озода гардонида шуд.

Зимни шанбегӣ дар баробари тоза намудани атроф аз ҳар гуна партов ва алафҳои бегонаи худрӯй, ҳамзамон атрофи дарахтон аз навдаву шохҳои парешон тоза карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар баробари пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, ҳамзамон дар доираи иқдомҳои ободкориву созандагӣ баҳри ободу зебо гардонидани Душанбешаҳр саҳми худро мегузоранд.

 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin