Таҳқиқи навор: ҷаримабандии ронандаи автомашинаи «Мерседес»

Таҳқиқи навор: ҷаримабандии ронандаи автомашинаи «Мерседес»

  Дар натиҷаи санҷиши ва мавриди баррасӣ қарор додани навори ирсол намудаи шаҳрвандон автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақамҳои қайди давлатиаш 7778АК08, Мирзоев Муҳаммадхуҷа Муҳаммадризохуҷаевич санаи таваллудаш 20.02.2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Рашт ба мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.


  Зимни пурсиш муайян карда шуд, ки Мирзоев Муҳаммадхуҷа ҳангоми иштирок дар маросими туйи домодӣ дидаву дониста Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, ба мусофирони худ иҷозат додаст, ки сарҳои худро аз тирезаҳои автомашина ба берун бароварда бо овози баланд дағалона рафтор намудаанд. Ҳамзамон номбурдагон бо ин амали худ ҳолати хатарноку садамавиро низ ба вуҷуд овардаанд.


  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Мирзоев Муҳаммадхуҷа тибқи талаботи моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин накардани бехатарии ҳаракат протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, тибқи муқаррароти моддаи мазкур чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуд.
  Ҳамзамон нисбати се нафар ҷавононе, ки ҳангоми ҳаракат ҷони худро дар хатар гузоштаанд, суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin