• Home »
  • ХАБАР »
  • 15-шабонарӯз ҳабс: Барои ташкили қиморбозӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик»
15-шабонарӯз ҳабс: Барои ташкили қиморбозӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик»

15-шабонарӯз ҳабс: Барои ташкили қиморбозӣ ва ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик»

  Як падидаи номатлуб ва ғайриқонуние, ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, ин аз ҷониби баъзе аз афрод ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик» мебошад. Бояд гуфт, ки нисбати чунин кирдори ғайриқонунӣ ва нафарони ба он машғулшаванда кормандони мақомоти милитсия тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
  Аз ҷумла, дар натиҷаи пешбурди рейду амалиётҳои санҷишӣ як нафар қиморбоз, ки бо роҳи фиреб ва ҷалби таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ба ин кирдори ғайриқонунӣ машғул буд, дастгир ва ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуд.


  Ин нафар шаҳрванд Шарипов Орзӯ Вайсович, соли таваллудаш 2000 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ мебошад, ки номбурда дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори Ганҷина ба ин амали мардумфиребона машғул будааст.


  Вобаста ба ин нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
  Бо назардошти ҳолатимазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои кулли сокинону мехмони пойтахт мерасонад, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin