• Home »
  • Баромадҳо »
  • Таҷлили бошукӯҳи 30-юмин солгарди таъсисёбии Шӯрои собиқадорони милитсия дар РВКД шаҳри Душанбе
Таҷлили бошукӯҳи 30-юмин солгарди таъсисёбии Шӯрои собиқадорони милитсия дар РВКД шаҳри Душанбе

Таҷлили бошукӯҳи 30-юмин солгарди таъсисёбии Шӯрои собиқадорони милитсия дар РВКД шаҳри Душанбе

  Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии созмони Шӯрои собиқадорони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
  Нахуст ба хотири гиромидошти поси хотираи кормандоне, ки ҳангоми адои хизмат дар сафи мақомоти милитсия ҷони худро аз даст додаанд, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва собиқадорони милитсия дар назди лавҳаи хотиравӣ гулчамбар гузошта шуда, ҳамзамон собиқадорон аз имконоту шароити муҳайёгашта дидан намуда, бо фаъолияти кормандони ҷавони милитсияи пойтахт шинос шуданд.


  Идомаи чорабинии тантанавӣ дар толори Раёсат баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генарал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, раиси Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм, раисону аъзоёни Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва сардорону ҳайати шахсии Шуъбаҳои милитсияи пойтахт ширкат намуданд.
  Нахуст чорабинии тантанавиро бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсат, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов оғоз бахшида, доир ба талошу заҳмат, шуҷоату мардонагӣ ва дониши бою малакаи касбии собиқадорони милитсия суханронӣ намуда, таҷрибаи кории собиқадоронро мактаби мукаммали мардонагӣ номид.

  Ба иттилои номбурда, таърихи начандон тулонии фаъолияти созмони Шӯрои собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ собит намудааст, ки ин созмон ҳамчун мактаби шуҷоату мардонагӣ, тарбия ва роҳнамоии кормандони ҷавони милитсия дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ, волоияти қонун, таълим додани насли ҷавон ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандони ҷавони милитсия нақши назаррас доранд. Тавре иброз гардид, фаъолияти собиқадорон дар мадди назар қарор дошта, фикру мулоҳизаҳои онҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ба инобат гирифта мешаванд.
  Дар идомаи суханронӣ сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар собиқадоронро ба 30-юмин солгарди таъсисёбии созмони Шӯрои собиқадорони милитсия муборакбод намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки донишу малакаи касбӣ ва таҷрибаи дар тӯли фаъолияти корӣ дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ андухтаашонро ба ҷавонони милитсия омӯзонанд ва онҳоро дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ тарбия намоянд, то кормандони ҷавони милитсия дар фаъолияти хеш тавонанд ба халқу миллат хизмати шоиста анҷом диҳанд.


  Дар ҷараёни чорабинии мазкур раиси Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм суханронӣ намуда, аз дастоварду натиҷаҳои кории созмон изҳори қаноатмандӣ намуд. Тавре номбурда иброз дошт, собиқадорони милитсияи тоҷик дар тӯли фаъолияти кориашон барои ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, пойдории сулҳ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккилӣ ҷинояткор кӯшиши зиёд ба харҷ дода, имрӯз низ баҳри пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи хешро мегузоранд.


  Номбурда ҳамзамон аз хотира ва таҷрибаи кории худ дар сафи мақомоти милитсия суханронӣ намуда, фаъолияту ҷоннисориҳои собиқадорон-мардони шуҷоъу далери Вазорати корҳои дохилиро намунаи олии садоқат ба халқу Ватан ва савганди хеш номид.
  Дар идомаи чорабинии тантанвии мазкур раиси Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники мустаъфӣ, Ҷобирзода Амирхон ва як қатор собиқадорону кормандони ҷавони Раёсат низ суханронӣ намуданд.
  Дар қисмати дигари чорабинии мазкур «Муроҷиатномаи Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба кормандони ҷавони милитсияи пойтахт» қабул карда шуд.


  Дар охир бахшида ба 30-юмин солгарди созмони Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт 120-нафар собиқадорони милитсияи шаҳри Душанбе бо Сипосномаю тӯҳфаҳои пулӣ, ҳамзамон 10-нафар собиқадорони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо Сипосномаи Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ сарфароз гардиданида шуда, ба собиқадорон дастурхони идона ороста шуд.
  Бо итминони комил иброз гардид, ки ҷидду ҷаҳт ва саъю кӯшиши ҳар як корманд ва собиқадорони мақомоти милитсия ба он равона гардидааст, ки ҳифзи тартиботи ҷамъяитӣ ва амнияти шаҳрвандон дар сатҳи баланд таъмин гардида, суботу оромӣ дар кишвар, махсусан шаҳри Душанбе пойдор ва кифили пешравию рушди устувори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад.

Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin