• Home »
  • ХАБАР »
  • Таҳқиқи навори муноқишаи наврасон дар маҳаллаи Гипрозем ва ҷаримабандии волидайни 12-нафар ноболиғ
Таҳқиқи навори муноқишаи наврасон дар маҳаллаи Гипрозем ва ҷаримабандии волидайни 12-нафар ноболиғ

Таҳқиқи навори муноқишаи наврасон дар маҳаллаи Гипрозем ва ҷаримабандии волидайни 12-нафар ноболиғ

  Санаи 25-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як гурӯҳ наврасон инъикос ёфтааст. Дар зимн шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.
  Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, нафарони қонуншикан муайян карда шуданд. Зимни санҷиш ошкор гардид, ки ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дода, як гурӯҳ наврасон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ миёни ҳамдигар муноқиша кардаанд, ки дар натиҷа ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.
  Шахсияти ҳамаи он нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуда, дар баробари баргузори суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамзамон нисбати 12-нафар волидайни нобилиғон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin