• Home »
  • Баромадҳо »
  • Тақвиятёбии ҳамкориҳои Раёсати ВКД дар ш. Душанбе бо мақомоти Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия
Тақвиятёбии ҳамкориҳои Раёсати ВКД дар ш. Душанбе бо мақомоти Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия

Тақвиятёбии ҳамкориҳои Раёсати ВКД дар ш. Душанбе бо мақомоти Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия

  Имрӯз (12.05.2022) бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, гурӯҳи кории намояндагони Департаменти давлатии Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Кара Роз ва Кевин Скалиро ба ҳузур пазируфт.


  Зимни мулоқот зикр гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дипломативу дустонаи ду кишвар ниҳоят дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, соли ҷорӣ 30-юмин солгарди барқарорсозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико таҷлил гардид.


  Дар ҷараёни мулоқот ҳамзамон амалисозии Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби намояндагони дипломатии Амрико, амалисозии як қатор барномаҳо дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ташкили милитсияи патрулӣ, таҳким бахшидани робита бо аҳолӣ, вазъи садаманокӣ ва роҳу усулҳои пешгирии он матраҳ гардиданд. Ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кишварҳои ҳамдигар дар самтҳои болозикргардида гуфтугӯҳои судманд доир гардид.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin